ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҚУМБЕЛ, СУЛТОНОБОД ВА ЗИДЕҲ ЧОР КУШТА БА ҶО ГУЗОШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз се садамаи марговар дар роҳҳои шимоли Тоҷикистон хабар дод. Дар ин се садама, ки дуяш дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ  дар мавзеи Қумбели ноҳияи Шаҳристон ва дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳ ва як садамаи дигар дар ҳудуди деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров рух доданд, 4 нафар ба ҳалокат расида, дастикам 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Аз ҷумла шоми 18-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:25, ронандаи мошини тамғаи «Лексус», Саидов Абубакр Иброҳимович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар мавзеи Қумбели ноҳияи Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, дар тарафи чапи роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур Салимова Сабрина Маҳмадраҷабовна, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаст. Ронандаи мошини мазкур, Саидов А. ва мусофири дигар Аззизода Алишер Иброҳим, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Шаби 18-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:20, ронандаи мошини тамғаи «BMW», Рустамов Сафаралӣ, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Гулистон ба самти деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳудуди деҳаи Султонободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши «Шанси», таҳти идораи ронанда, Сангинов Насрулло Мирзошарифович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини «BMW» Рустамов С. ва дигар мусофирони мошини мазкур, Ғиёсов Низом, соли таваллудаш 1967, Каримов Шохрух, соли таваллудаш 2002, Каримов Равшан, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Спитамен, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Мусофири мошини тамғаи «BMW», Исмоилов Пардабой Икромович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 19-уми январи соли 2024, тахминан соати 13:20, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зефира», таҳти идораи Исмоилов Кароматулло Сангалиевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳ ба самти муқобили роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба канори роҳи мошингард ба дарёи Варзоб чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофир мошини мазкур, Шарипов Мусулмон Шарипалиевич, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст. Мусофирони дигари мошини мазкур, Соҳибов Хушназар, соли таваллудаш 1953 ва Соҳибова Саноат, соли таваллудаш 1957, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button